
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади шарҳи нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Гулшан мулоқот доир намуданд.
Зимни мулоқот аъзои гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроия Ятимова Рухшона бо иқтибосҳо аз Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ иброз дошт, ки бо дарназардошти он, ки илму маориф рушди муттаасили ҳар як кишварро таъмин мекунад, мо дар ин самт амалӣ намудани таваҷҷуҳи авваландараҷа зоҳир намудан ба соҳаҳои илму маориф, идома бахшидани ислоҳот дар ин самт, давра ба давра зиёд намудани маоши кормандон ва таҳкими пояҳои моддиву техникии онҳо, аз ҷумла таъминот бо технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди таҳсилот,
амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи «Барномаи рушд ва омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020 - 2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳоро муҳим мешуморем.
Дар фарҷоми суҳбат дар масъалаи пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат карда шуда, ба ҷамъомадагон маводҳои таблиғотӣ ва ниқобу маҳлулҳои безараргардонӣ тақсим карда шуданд.