ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Шифо” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади иштироки ҳатмии шаҳрвандон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID – 19), ободу зебогардонии маҳал, инчунин бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Масъулин қайд карданд, ки иштироки мо дар интихоботи Президенти кишвар ҳатмӣ буда, ба ин воситаи қарзи шаҳрвандии худро адо менамоем, ҳамзамон нисбати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, пешгирии бемории сироятии коронавирус, захираи маводҳои ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ, ободу зебогардонии маҳал ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ барои адо намудани қарзи худ дар назди Ватан - Модар ибрози сухан намуданд.
Дар анҷоми суҳбат ба иштирокчиён Муроҷиатномаи ҲХДТ, варақаи иттилоотии пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва варақаи иттилоотии истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дастрас карда шуд.