БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ДАР ДЕҲАИ ХУРРАМДЕҲИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Хуррамдеҳи Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант гурӯҳи кории тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр оид ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватазода Сайҷафар дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президент аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, қайд намуд, ки санаи 11-уми октябри соли ҷорӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор мегардад, моро мебояд, ки ба номзади арзанда, ки барои 7 соли ояндаи Тоҷикистон фаъолият мекунад, ба участкаи интихоботии худ рафта, овоз диҳем.

Инчунин, дар идома қайд карда шуд, ки Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар доираи дигаргуниҳое, ки  солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти  дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg