ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Мақомоти иҷроияи маҳалии ноҳия бо роҳбарони ташкилоту идораҳо ҷамъомад ҷиҳати таблиғоти Барномаи пешазинтихоботи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон оид ба таъмини волоияти қонун, Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон доир гардид.
Дар мулоқот аъзои гурӯҳи таблиғотии вилоятӣ дар бораи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, пешрафту шукуфоии Ватан, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ дар соҳаи тандурустӣ ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, мардумро барои интихоби ояндаи амну осоиштагӣ даъват карданд.