БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолони ҷомеа дар роҳи тарғиби сиёсати ҷомеа пешсафанд

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кушониён   дар  ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои  ҲХДТ   ва  татбиқи  «Соли  тақвияти  робита  бо  маҳал»  бо  сокинон мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд.

Дирӯз  дар ташкилоти ибтидоии “Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа”-и ноҳия вохӯрӣ доир гардид.

Дар рафти маҷлис  Неъматуллоева Сабоҳат  корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён оид ба амалӣ ва татбиқи  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ  аз  паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллии тоҷикон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, терроризму экстремизм, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳнатдустӣ ва ватанпарварӣ, мардумро муттаҳид  намудан дар атрофи сиёсати хирдмандониа Пешвои миллат ва ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор  суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ  мазмуну муҳтавои  суханронии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки санаи 12 майи соли 2018 баргузор гардид, ба ҳозирин расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg