КӮЛОБ. Вобаста ба моҳияти суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар маҳаллаи ба номи Ҷумъа Алӣ бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбат бо сокинон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул дар мавриди нуктаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар баромад намуда, ибрози андеша кард. Мавсуф қайд кард, ки манбаи хатар ин терроризму эктсремизм ва муносибати духураи баъзе абарқудратҳо нисбати ин падида мебошад. Тавре дар суханронии Сарвари давлат қайд гардид, имрӯз дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона рафта истодааст, дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ва ё бавосита ширкат карда истодаанд”. Дар ин росто таъкид шуд, ки вобаста ба масъалаи терроризму экстремизм бошад, моро лозим аст, дар таҳкими пояҳои Истиқлолият саҳм гузошта, бо шукргузорӣ аз фазои ободу осуда дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон -Тоҷикистон саҳм гузорем.
Дар охир сокинон ба баромадкунанда саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.