КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо сокинони деҳаи ба номи Лоиқ Шералии Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён вохӯрии гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ гурӯҳи тарғиботӣ доир ба Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ маълумот дода, қайд карданд, ки рисолат ва мазмуну моҳияти Барномаи номзади ҲХДТ- рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.