
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сокинони деҳаи Саричашмаи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотва аъзои Ситоди ноҳивӣ доир гардид.
Аъзои Ситоди ноҳиявӣ оид ба Барномаи қаблии ҲХДТ ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки беҳтарин неъмат ва бебаҳотарин гавҳар сулҳу суботи сиёсӣ, фазои осоиштаву ором аст. Зеро тӯли соҳибистиқлолӣ маҳз бо шарофати ин дастоварди таърихӣ мардуми кишвар ба дастовардҳои дигар муваффақ гардиданд.