КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳия вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Навбаҳор сурат гирифт.
Дар вохӯрӣ тарғиботчиён дар бораи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият менамояд. Ҳадафҳои стратегии кишвар ҳадафҳои созандаву бунёдкор буда, дар ин росто дар руҳияи баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.