
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо роҳбарии раиси Ситод Абдусаломзода Мунаввар ва аъзои Ситод дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Кӯшониён вохӯриҳо оид ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ баргузор гардида истодааст.
Вохӯрии навбатӣ бо сокинони деҳаи К. Гулови Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён доир гардида, масъулин дар вохӯрӣ ба интихобкунандагон Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ - ро шарҳу тавзеҳ доданд.
Ҳамзамон, раиси Ситод, Абдусаломзода Мунаввар зимни суханронӣ қайд кард, ки мову шуморо маъракаи муҳими сиёсӣ -интихобот дар пеш аст ва дар баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳар як сокини кишвар нақши муассир дошта, овози ҳар яки мову Шумо ҳалкунанда ба ҳисоб меравад.