БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ БА ХАЛҚУ МИЛЛАТ НАБАХШИДАНИСТ

       ВОКУНИШ. Имрӯзҳо ВАО яке аз сарчашмаҳои асосии иттилоот ва дар ниҳоят аз васоити муҳими идораи афкори ҷомеа маҳсуб мешавад. Тавассути ВАО, бахусус истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет тамоми аҳолӣ маълумоти дастрасро аз худ намуда, онро дар ҷомеа амалӣ месозанд.

        Бешак метавон ироа дошт, ки истифодаи самараноки иттилоот ва муайян намудани мавқеи шаҳрвандӣ дар муқобили ҳама гуна ахбори иғвоангезу бардурӯғ назди ҳар як сокини мамлакат масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Бахусус дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доираҳои манфиатҷӯ, аз қабили тарафдорону ҳаводорони ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ, гурӯҳи 24 ва дигар ташкилоту афроди ноогоҳу хиёнаткор даст ба пахши иттилооти муғризонаю яктарафа баҳогузоришуда мезананд, ки дар бисёр маврид боиси нигаронӣ  ва сабабгори танишҳои ақидавӣ дар сатҳи ҷомеаи маданӣ мешаванд.

        Ҳарчанд намоиши силсилафилми “Хиёнат” дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ аз хиёнаткориҳои  падарони маънавии гурӯҳҳои террористии болозикр ба таври воқеӣ аз рӯи ношӯстаи ин қабил афрод парда бардошт, вале ин тӯдаи гулу гумроҳ аз роҳи хиёнаткории худ ба ҳеҷ ваҷҳ баргаштанӣ нестанд. Бо роҳи тавтеаю дурӯғ хоинони Ватан ҳамеша дар фикри нооромсозии Ватану миллат мубориза бурда, онҳо фаромӯш сохтаанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон мардуми солҳои 90-уми асри гузашта нест. Ин миллат захми хунини ҷанги шаҳрвандиро, ки асоси оғози он аз истифодаи нодурусти таблиғи исломгароӣ дар кишвар аланга гирифта буд, ба хубӣ эҳсос мекунад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба он рӯзҳои сиёҳ баргаштанӣ нест.

        Гарчанде дар даргириҳои солҳои 90-уми асри гузашта миёни мардуми Тоҷикистон нишонаи дасти сеюм буд, вале истифодаи айёронаи аъзои ҳизби наҳзати исломӣ дар ин бозиҳои сиёсӣ қалбу ҷони миллатро ранҷуру захмин сохт. Ва то ба имрӯз  мардуми Тоҷикистон ва қалбу ҷони миллат азоби он рӯзҳои сахтро мекашад.

       Бинобар ин месазад, ки ба таърихи миллат аз сари номусу ор назар кард. Зеро як қадами ноустувору бемақсад боиси нофаҳмию норозигӣ дар ҷомеа мегардад. Ин сулҳу ваҳдате, ки бо ҷонбозию азхудгузаштанҳои ҷавонмардони миллат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, мебояд ба қадри он ба ивази ҷон расид.

       Танҳо кишварро фарзандони баору номус ва ватандӯсту миллатдӯст метавонанд муқтадиру дар арсаи ҷаҳонӣ номдор муаррифӣ созанд. Ба қадри ин марзу бум расидан ва дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат сарҷамъ будан барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст қарзи иммонию виҷдонист ва мо барои расидан ба рӯзҳои босаодат ҳамеша дар муқобили ҳама гуна тундгароӣ истодагарӣ менамоем.

Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg