
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки Абдуллоев Мирвоҳид муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мушоҳидони миллӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар участкаҳои интихоботии ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур Абдуллоев Мирвоҳид оид ба уҳдадориҳои мушоҳидони миллӣ суханронӣ карда, вазифаҳои онҳоро дар рӯзи интихобот муайян намуда, онҳоро даъват кард, ки барои шаффофу демократӣ ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардидани маъракаи муҳим-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиддӣ муносибат намоянд.
Дар охир ба иштирокдорон маводҳои таблиғотии ҲХДТ дастрас карда шуд.