БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИНТИХОБОТ ИШТИРОК КАРДА, БА НОМЗАДИ АРЗАНДА ОВОЗ МЕДИҲАМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Интихобот воситаи муҳиму арзишманди рушди ҷомеа ва мамлакат буда, иштирок дар он  иҷрои қарзи шаҳрвандӣ аст. Бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  бо сокинони маҳаллаҳои Сари ҷар ва Хучархии Ҷамоати деҳоти Даҳана хониши сиёсӣ  доир карда шуд.

Дар ин  вохӯрӣ узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ, Хидиров Баҳодур, Умар Саидов ва Дилноза Шоева иштирок ва баромад намуданд.

Қайд карда шуд, ки интихобот ҳамчун унсури давлати демократӣ ва ҷомеаи огоҳ  дар амалигардонии ҳуқуқҳои инсон нақши асосӣ дорад.

Дар қисмати охири вохӯрӣ бо фаъолони маҳаллаҳои номбурда аз номи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сипоснома тақдим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg