БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ - КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  дар ташкилоти ибтидоии “Ёрии таъҷилӣ” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот  доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ узви гурӯҳи   тарғиботӣ  вобаста  ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, Ғаюров Садриддин сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб ва Хидиров Баходур мудири шуъбаи ташкилӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суҳбати худ Шарифзода Гулрухсор иброз дошт, ки Пешвои миллат  дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ қайд намуданд, ки   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа  барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ  ва ягона, инчунин  рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият менамояд. Ҳадафҳои  стратегии ҲХДТ ҳадафҳои созандаву бунёдкор буда, дар ин росто дар руҳияи  баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Ҳамчунин, вобаста ба интихоботи  Президентӣ суханронӣ намуда, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихобот фаъолона ширкат намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg