
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров дар деҳаи Учқунобод бо аҳолии ин маҳал ҷамъомад ҷиҳати тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот аъзои зергурӯҳи таблиғотӣ дар бораи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, пешрафту шукуфоии Ватан, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ дар соҳаи тандурустӣ, бо биноҳои таълимии хубу замонавӣ таъмин гардидани муассисаҳои таълимии кишвар ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, мардумро барои интихоби ояндаи амну осоиштагӣ даъват карданд.