БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ФАРДОИ ОЯНДАИ ХУД ОВОЗ МЕДИҲАМ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ.   Бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва аъзои Ситоди ноҳиявӣ дар деҳаи Қулободи  Ҷамоати деҳоти Чоргул бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ   намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат иштирок ва суханронӣ намуда, қайд кард, ки санаи 11 октябри соли 2020 дар мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Бинобар ин моро зарур аст, ки дар интихобот иштирок намуда, ба тарафдории номзади арзанда аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳем.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки дар интихобот ҳама иштирок намуда, ҳар шаҳрванд ба ҷойи худ овоз диҳад ва ягон нафар ба ҷойи нафари дигар овоз дода наметавонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg