БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ БАРОЯМ ИФТИХОРИ БУЗУРГ АСТ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ.   Ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва аъзои Ситоди ноҳиявӣ дар деҳаи Челонзори  Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ  намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, котиби Ситоди ноҳиявӣ Х.Нозиров иштирок ва суханронӣ намуд.  Мавсуф  дар баромади худ қайд намуд, ки санаи 11 октябри соли 2020 дар мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Бинобар ин моро зарур аст, ки дар интихобот иштирок намуда, ба тарафдории номзади арзанда аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳем.

Ҳамзамон,  таъкид карда шуд, ки дар интихобот ҳама иштирок намуда, ҳар шаҳрванд ба ҷойи худ овоз диҳад ва ягон нафар ба ҷойи нафари дигар овоз дода наметавонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg