БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ХУДРО ДОРЕМ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ. Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МДТ ЛСК ноҳия аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо касбомӯзони муассисаи мазкур вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ  мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон иштирок намуда, иброз доштанд, ки яке аз ҳадафҳои сиёсати олии Ҳукумати мамлакат ин такя ба ҷавонон мебошад. Бинобар ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки ҷавонон ояндаи миллат мебошанд.

Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ  якчанд нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, ки ба соҳаи ҷавонон равона гардида буд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Инчунин,  таъкид карда шуд, ки дар интихобот иштирок намуда, ба тарафдории номзади арзанда аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳед.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg