БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занони деҳот бо ҳунари худ манбаи корофаринӣ ҳастанд

ВОСЕЪ. Дар деҳаи Анористони ҷамоати деҳоти Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо иштироки  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Рӯзигул Қурбонзода вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Қурбонзода Рӯзигул оид ба таъсиси ташкилоти ибтидоӣ дар маҳал ва инчунин, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуд.

Баъдан Орзу Ҳамидиён дар баромади худ аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир ба даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳар як ҷавони бо нангу ор хизмати Ватан – модарро бояд иҷро намояд. Ҳамзамон, мавсуф оид ба вазифаҳои аҳли ҷомеа дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан ронда иброз дошт, ки ҷойи кор барои занони деҳот ин ҳунари дастони эшон аст. Зеро пайваста талабот нисбати ҳунарҳои дастӣ, хоса дӯзандагиву бофандагӣ зиёд буда, ҳунарманди асил дар хонааш нишаста метавонад соҳиби даромади зиёд гардад.

Сокинони деҳаи номбурда аз ташрифи кормандони ҳизбӣ сарфароз гардида,  иброз доштанд, ки чунин мулоқоту  вохӯриҳои судманд бештар доир гардад,  то ин ки  дар дили ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ зиёд шавад.

 Ногуфта намонад, ки дар деҳаи Анористон бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ алакай ду коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода шудааст ва 12 нафар занони хонашин бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg