БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОР

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳамарӯза гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардида истодааст.

Дирӯз чунин вохӯрӣ бо иштироки  гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар деҳаи  18-Ҳизби Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур раисони маҳаллаҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва ҷамоат  низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар охири вохӯрӣ  аз ҷониби иштирокчиён нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ  баён гардида, онҳо иброз доштанд, ки рӯзи 11-октябри соли равон ҳама якҷоя дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg