БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗДИД АЗ УЧАСТКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Ишмуродов Ҳаким  аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботӣ дидан намуда, бо роҳбарони зергурӯҳ  Мирзоев Сайҷаҳфар раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук, Ҳалимов Амирхон раиси Ҷамоати деҳоти Тугарак  оид ба фаъолияти  гурӯҳи таблиғотӣ ҳамсуҳбат шуданд. Роҳбарони зергурӯҳҳо  зимни суҳбат  қайд карданд, ки аз фаъолияти муштарак бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба гузаронидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ тибқи нақшаи кории тасдиқшуда боз дар дигар ҷамъомадҳо ҳамчун аъзои ҲХДТ Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамарӯза ташвиқу таблиғ менамоянд.

Ҳамчунин, участкаҳои интихоботии №2, №3, №6 ва №7-ро дидан намуда, шоҳиди он гаштанд, ки  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия маводҳои таблиғотӣ  дастрас гардида,  дар участкаҳо насб карда шудааст. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg