БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ БАРНОМАИ НОМЗАДИ АРЗАНДА БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ. Дирӯз бо мақсади баргузории суҳбату вохӯриҳо бо интихобкунандагон аъзои гурӯҳи таблиғотӣ дар толори муассисаи таълимии №11 - и Ҷамоати деҳоти Тугарак дар деҳаи Ибрат вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ сараввал мутахассиси шуъбаи баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Иботов Диловар оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироаи сухан намуд. Сипас, масъулин вобаста ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, қайд карданд, ки шахсоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва синнашон ба 18 расидааст,  ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд, пас барои шаффоф ва демократӣ гузаштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳар яки мо ҳуқуқи як овозро ба тарафдории номзади арзандаи худ дорем, ҳеқ кас ба ҷойи дигар шахс ҳуқуқи овоз доданро надорад.

Дар охир аз тарафи иштирокдорон гуфта шуд, ки дар ин маъракаи сиёсӣ, интихоботи Президентӣ бо як дилгармию рӯҳияи баланд иштирок карда, ба тарафдории номзади арзанда, шахси боиродаю ватандӯст овоз медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg