БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МО БАҲРИ ПЕШРАФТУ ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ. Дар Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо аҳолии Ҷамоати мазкур ҷамъомад ҷиҳати таблиғи Барномаи пешазинтихоботи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбари зергурӯҳ Ҳалимов Амирхон, муовини раиси ноҳия Худоёрзода Алихон, вакилони ҷамоат Юсуфзода Баҳрулло, Ҳафизов Суҳроб, Сафаров Фирдавс ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот аъзои гурӯҳи таблиғотии ноҳиявӣ ва шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, пешрафту шукуфоии Ватан, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ дар соҳаи тандурустӣ ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, мардумро барои интихоби ояндаи амну осоиштагӣ даъват карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg