БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ АЗ ҲАРВАҚТА БОЯД ҲУШЁРУ ЗИРАК БОШЕМ

ВОКУНИШ. Раванди босуръати технологияи муосир дар баробари пешравиҳо сол то сол дар ҷаҳон хавфу хатарҳои  нав  ба навро ба миён меорад, ки амнияту суботи кишварҳои дунёро халалдор месозад. Яке аз хатарҳои ҷиддие, ки имрӯз ба ҳамаи давлатҳои дунё баробар таҳдид менамояд ва боиси нигаронии ҳамагон гаштааст, ҷиноятҳои киберӣ мебошад. Ҷиноятҳои киберӣ ҷиноятҳое мебошанд, ки тавассути технологияи компютерӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ карда мешаванд.
Ҷиноятҳои киберӣ нисбат ба дигар ҷиноятҳо барои давлатҳои дунё зиёдтар хатар эҷод мекунанд. Ҳуҷум ба системаҳои компютерӣ, тасарруфи маълумоти шахсӣ ва фош намудани он, гӯш кардани гуфтугӯи роҳбарони давлатҳо, паҳн намудани маълумотҳои бардурӯғ, ворид шудан ба системаи компютерии объектҳои стратегии кишварҳо, паҳн намудани вирусҳо, вайрон кардани барномаҳои муҳими вазорату корхонаҳои як кишвар тавассути системаи компютерӣ номгӯи кӯтоҳи ҷиноятҳои киберӣ ба ҳисоб меравад.

Гарчанде шумораи истифодабарандагони интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ сол то сол зиёд гардад ҳам, мутаассифона на ҳама аз хавфу хатари ҷиноятҳои киберӣ  ба пуррагӣ огоҳӣ доранд. Имрӯз вазифаи ташкилоту муассисаҳои ба тарғибу ташвиқ ва фаҳмонидани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ  ва фарҳангӣ аз он иборат аст, ки ба мардум дар бораи ҷиноятҳои киберӣ, аз ҷумла кибертерроризм маълумоти муфассал дода, онҳоро барои муҳофизати амнияти иттилоотии кишвар омода созанд.

Кибертеррористон аз террористони дигар ба он фарқ мекунанд, ки онҳо бо истифода аз технологияи компютерӣ ба воситаи интернет ба мақсади худ ноил мегарданд. Гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо истифода аз интернет ва садҳо шабакаҳои иҷтимоие, ки худ таъсис медиҳанд, бо даҳҳо ҳазор маводу маълумоти хусусияти ифротию террористидошта дар пайи гумроҳ кардани одамони ноогоҳ ва ҷалби онҳо ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ мебошанд. Онҳо бо навору аксҳои ваҳшиёнаи куштан ва зинда ба зинда сӯзондани одамон дар дили мардум ваҳму ҳарросро эҷод мекунанд.

Барангехтани бадбинии динӣ, миллӣ ва нажодӣ дар байни аҳолӣ, ки онҳо роҳандозӣ менамоянд, боиси ба амал омадани ҷангу хунрезӣ дар ин ё он давлат мегардад.

Чи тавре ишора гардид, ягон давлат, аз ҷумла Тоҷикистон аз таҳдиду хатарҳои ҷиноятҳои киберӣ ва кибертерроризм эмин нест.

Ҳамарӯза дар сомонаҳои интернетӣ аъзои ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати ислом бо роҳбарии хоини давлату миллат Муҳидин Кабирӣ барои халалдор намудани фазои кишвар ва низоми давлатдорӣ аз тариқи сомонаҳои интернетии таъсисдодаашон суханони дурӯғ ва ғаразонаро паҳн менамоянд.

Барои пешгирии терроризму - экстремизм, аз ҷумла кибертерроризм моро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем. Танҳо дар сурати муборизаи дастаҷамъона мо амнияти иттилоотии кишварро ҳифз карда метавонем.

Саидҷалол Сатторов, муҳаққиқ, роҳбари гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg