БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶОНИБДОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроия бо мақсади шарҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи  Бобоҷон Ғафурови Ҷамоати шаҳраки Балх мулоқот доир намуданд.

Дар вохӯрии мазкур Содиқова Меҳрубону муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вобаста ба моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи кишвар, пешрафту шукуфоии Ватан ва баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон, ки аз заҳмату талошҳои бевоситаи Роҳбари давлат сарчашма мегиранд, суханронӣ намуд.

Сипас, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ аз интихобкунандагон  даъват ба амал оварданд, ки  ба қадри ин ҳама заҳматҳои Пешвои миллат расанд ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо  бо амалҳои созанда барои пешрафти меҳан саҳгузор бошанд. Дар фарҷом  интихобкунандагон нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён карда, онҳо иброз доштанд, ки рӯзи 11-уми октябри соли равон ҳама якҷоя дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg