
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи Калинини Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир карда шуд.
Зимни баргузории вохӯрӣ Содиқова Меҳрубону муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, қайд дошт, ки интихобот ифодаи олии ҳокимияти халқ ба ҳисоб рафта, ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки дар маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона ширкат намояд ва барои ободу шукуфоии Ватан саҳми худро гузорад.