Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар маҳаллаи Янгитурмуши Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагон доир шуд.
Дар вохӯрии мазкур Алиев Зафар мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва баромад намуд.
Зимни суҳбат мавсуф дар бораи Барномаи пешазинтихоботӣ номзади ҲХДТ барои 7 соли ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, қайд намуд, ки Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дар назардошти дурнамои 7 соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмини рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.