БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба нафъи мардум мебошанд

ВАХШ. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардида ва ҷиҳати ба роҳ мондани таблиғу ташвиқи ҳамаҷонибаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 12 майи соли ҷорӣ дар суханрониашон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеаи кишвар ироа гардида буд, дирӯз  бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ,  аъзои бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва фаъолони ҳизбӣ маҷлиси васеъи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш доир карда шуд.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон  ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни онро ба моҳи шарифи Рамазон табрику шодбошӣ намуд.

Сипас, ба муҳокимаи рӯзномаи маҷлис масъалаи «Таблиғу ташвиқи ҳамаҷонибаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 12-майи соли ҷорӣ дар суханрониашон бо аҳли ҷомеаи кишвар ироа гардида буд» пешниҳод намуд.

Баъди тасдиқи рӯзномаи маҷлис барои баррасии масъалаи зикргардида раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон ба сухан баромада, дар бораи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 12 майи соли ҷорӣ дар суханрониашон бо аҳли ҷомеаи кишвар ироа гардида буд, ба таври муфассал ахборот дод.

Қайд карда шуд, ки шукургузорӣ аз фазои осудаву ором ва ифтихор намудан аз дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии Ватани маҳбубамон бояд одати ҳамешагии ҳар фарди ватандӯсту худогоҳ бошад. Дар ин радиф мубориза бурдан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат дар маҳал қарзи муқаддаси ҳар як аъзои бо нангу номуси ҲХДТ маҳсуб меёбад. Қайд карда шуд, ки бо дастури Пешвои миллат то ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, ҳар як фарди ватандӯстро лозим аст дар ободии диёри худ саҳми арзандаи хешро гузорад. Такроран зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чихати рафъи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва ҳалли мушкилоти мавҷуда ба мардуми аҳли деҳоти кишвар ғамхории навбатии инсондӯстона зоҳир намуда, дастур доданд, ки то ҷашни 30 солагӣ дар тамоми маҳаллаву деҳот марказҳои хизматрасонии маишӣ, марказҳои саломатӣ бо утокхои таваллуди модарон, утоқҳои гузаронидани хатна ва бунёди синфхонаҳои сохта ба истифода дода шавад. Ин иқдомоти Пешвои миллат аз ҷониби иштирокчиёни маҷлис бо хушнудӣ пазируфта шуда, бо кафкӯбиҳо истиқбол карда шуд.

Дар охир ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва гурӯҳҳои доимоамалкунандаи таблиғотӣ вазифадор гардонида шуданд, ки дар байни мардум корҳои тарғиботиро вусъат бахшида, аз натиҷаи корҳои анҷомёфта ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ахборот пешниҳод карда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg