БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ОЯНДАИ БОСУБОТИ КИШВАР ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар маҳаллаи Гулистони Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии аъзои гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроия оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон доир шуд.

Дар вохӯрии мазкур Маҳмадсаид Абдулҳаев раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва роҳбарони зергурӯҳҳо иштирок дошта, доир ба мақсади вохӯрӣ ибрози андеша карданд.

Маҳмадсаид Абдулҳаев зимни мулоқот иброз дошт, ки мо  медонем ҳамеша интихобот ва раъйпурсӣ барои ҷомеа муҳим арзёбӣ шудааст ва ин маънои онро дорад, ки ин шакли нави тасмимгириҳои ҷомеа барои сохтани ояндаи дурахшон ва масири ҳамвор мебошад. Яъне, масире, ки насли баъдӣ бе мушкилӣ барои насли дигар роҳи нави бунёдкориву созандагиро месозад.

Имрӯзҳо дар кишвар маъракаи муҳими интихоботӣ рафта истодааст ва номзадҳо низ аллакай барои ҷомеа муаррифӣ шудаанд ва ҳоҷати дубора ин ҷо оварданашон ҳам нест. Лек як чизро бояд ба инобат гирифт, ки заҳмат ва талошҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беназир аст ва таҳти сарвари Раиси он Пешвои муаззами миллат кишвар аз марҳилаи “фақр” ба давраи нав “рушд ва тараққиёт” расид. Барои овоз додан ба чунин номзади арзанда ҳар як нафар шаҳрванд масъулият дорад ва чашм пӯшидан аз ин заҳматҳо кӯрии хирад мебошад.

Роҳбари зергурӯҳ суханронӣ намуда, ба интихобкунандагон аз самтҳои рушди иқтисод ва иҷтимоиёти мамлакат дар ҳафт соли оянда, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ёдоварӣ карда, қайд намуд, ки иҷрои ин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки дар ҳафт соли минбаъда модели нави иқтисодӣ амалӣ гардад, ҳадафҳои стратегии мамлакат ба тадриҷ амалӣ шаванд ва вазъи соҳаи иҷтимоӣ ба куллӣ тағйир ёбад.

Интихобкунандагон ҷонибдориашонро аз номзади ҲХДТ ба ин мансаби олии давлатӣ бо камоли майл баён намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg