БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ҲХДТ БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Қобили тазаккур аст, ки сиёсати миллии ҳар як кишвари соҳибистиқлол хусусияти хоси худро дошта, мазмуни асосии он дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ ва рамзу анъанаҳои миллӣ таҷассум меёбад. Ҳамаи ин заминаи муҳим барои дарки худшиносӣ ва комёб гардидан ба пешрафту дастовардҳои кишвар мебошад. Аз ин рӯ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сани 11 октябри соли равон дар тамоми қаламрави Тоҷикистон баргузор мегардад, иқдоми некест, ки барои арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз Тоҷикистони азиз, Истиқлолияти пойдор заминаи устувор мегузорад.

Бояд гуфт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар раванди дигаргуниҳои нави ҷомеа дар Тоҷикистон марҳилаи нав ба миён овард. Дар замони соҳибистиқлолӣ- ин нишонаи муттаҳидӣ ва якпорчагии миллат мебошад. Дар Анҷумани 14-уми Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, ки санаи 3 сентябри соли 2020 дар толори Кохи Борбад доир гардид, номзади арзанда, абармарди сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид ва аз тарафи иштирокчиён пазируфта шуд. Президенти кишвар дар заминаи талошҳо баҳри таъмини оромии кишвар, пойдории сулҳу салоҳ, таҳкими амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳим, пешбурди сиёсати хориҷӣ тавонист ба эътирофи бузурги умумимиллӣ мушарраф гардад.

Эътирофи  шахсият ҳамчун Президенти кишвар, Пешвои миллат, пеш аз ҳама, нишонаи тақвияти эътимод ба фаъолияти шахсиятест, ки шуҷоатманд аст ва иродаи қавӣ  дорад.   Эмомалӣ  Раҳмон   шахсиятест, ки  ҳамаи тавоноиҳои худро ба сурати комил  ба миллат бахшида,  сабру мулоҳиза  ва бурдбориро  пешаи кори  хеш медонад.          

Ӯ нафарест, ки дар хонаводаи марди меҳнатдӯст ба воя расида, то 40- солагӣ дар байни мардумони оддӣ меҳнат ва фаъолият намудааст. Шояд сирри нуҳуфтаи кордонӣ, шуҷоатмандӣ ва маҳбуби халқ будани ин марди дунёи сиёсат дар ҳамин фазилатҳо бошад. Бояд гуфт, ки чунин инсонҳои шарифу шуҷоъ ҳамеша дар вазъиятҳои гуногун сарнавишти мардуми худро ба хубӣ дарк ва муайян намуда, номи неки худро дар зеҳн ва тафаккури мардум барои ҳамеша ҷойгузин мекунанд.

Хусусан дигаргуниҳои замони соҳибистиқлолӣ- ифтитоҳи иншооти бузурги аср НБО-Роғун, бунёди неругоҳҳои барқӣ, роҳу нақбҳо, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ низ шаҳодати онанд, ки мардуми Тоҷикистон ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон боварию эътиқоди қавӣ доранд.

Маълум аст, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ифодагари иродаи матини сарвари сиёсӣ баҳри ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар мебошад. Чунин мавқеъ ва иродаи Президенти кишвар имконият дод, ки дар ҷомеа ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ ва кӯшиш баҳри ҳамгироии иҷтимоӣ пурзӯр гашта, пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шавад.

Мактаби сарварии Пешвои миллат таълимгоҳест, ки дар марҳилаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи созандагиву бунёдкориро касб намудааст. Ин мактаби сиёсӣ дорои хусусиятҳои универсалӣ мебошад, ки ҳокимият ва муносибатҳои он аз ҷониби ин ниҳоди сиёсӣ бо риояи принсипҳои демократӣ амалӣ гашта, манфиати давлату миллат аз ҳама боло гузошта мешавад. Интихоб гаштани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат дар оғози солҳои 90-ум санҷиши мардонагӣ, ҷасурӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстию нотарсӣ буд, ки ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро барқарор, муносибатҳои бенизоми иҷтимоиро муътадил ва сулҳу амниятро пойдор карда тавонист. Ҳамзамон ин дарки масъулиятнокӣ ва амали худташаккулдиҳии шахсиятест, ки дар тӯли 29 соли соҳибистиқлолӣ худро пурра ба ҳимояи ягонагии давлат ва ташкили ҳувияти миллӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ бахшидааст.

Ҳамин тавр, Президенти кишвар танзими хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро ба назар гирифта, таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморид ва тамоми ҳастии худро ба пешравии миллату давлат бахшид. Ин аст, ки мавқеъ ва нуфузи ниҳоди сарварии Пешвои миллат имрӯз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гашта, аз ҷониби Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо Президенти мамлакат – Эмомалӣ Раҳмон сазовори Ҷоизаи «Пешвои асри ХХI» гардидааст.

Ба назари мо чунин муносибат аз бисёр ҷиҳат ба нуфузу эътибори шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дошт. Ӯ чун шахсияте шинохта мешавад, ки мардум ба ӯ ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат эҳтирому эътиқоди самимӣ доранд. Ҳамзамон боварӣ доранд, ки ӯ аз уҳдаи ҳалли тамоми масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеа ба онҳо рӯ ба рӯ гаштааст, баромада метавонад. Чунин боварӣ ба Эмомалӣ Раҳмон аз он ҷост, ки дар тӯли солҳои фаъолияташ танҳо ба ӯ муяссар гашт, ки ҳамаи кӯшишҳои фишори зӯроварӣ ба ҳокимиятро чӣ аз ҷониби неруҳои сиёсии дорои тамоюли радикалӣ ва чӣ аз ҷониби онҳое, ки бо зӯри бо силоҳ кӯшиши ба сари ҳокимият омадан доштанд, пешгирӣ карда тавонист.

Албатта, дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки миллату кишварҳоро аз маҳву парокандагӣ эмин нигоҳ медоранд. Чунин шахсият дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки дар бораи шуҷоату фаъолияти давлатдории ӯ китобу мақолаҳо ва филмҳои зиёде пешкаш гардидаанд. Аммо Президенти кишвари мо имрӯз ниёз ба муаррифӣ надорад. Ӯ шахсиятест, ки бо дили бузург ва иродаи оҳанин соҳиби эҳтирому ифтихори ҳамагон гардидааст.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, кулли мардуми Тоҷикистонро даъват менамоям, ки рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзида, ба номзади арзандаи ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд, зеро  ки ин ҳама самараи озодӣ ва истиқлолияти сиёсӣ мебошад. Дар баробари ин, мо вазифадорем, ки ин рӯзро бо меҳнати фидокорона ба Ватани маҳбубамон, худшиносии баланди миллӣ ва зиракии сиёсии ҳамешагӣ, самимияту эҳтироми хоса пешвоз гирифта, ба он арҷ гузорем.

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ, шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ заминаи босазо мегузорад.

Одиназода Ҳуснигул, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg