БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ МО! ИНТИХОБИ МО! ИФТИХОРИ МО!

АНДЕША. Имрӯзҳо мардуми сарбаланди кишвар барои дар сатҳи баланди сиёсӣ, дар доираи қонун , шаффоф, озод ва демократӣ гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ -интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа омодагӣ  мегиранд.

Аъзои ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати ислом  бо роҳбарии  хоини  Ватан ва миллат Муҳиддин Кабирӣ бо тамоми ҳастӣ кӯшиш доранд, ки на танҳо ба маъракаи интихобот, балки ба оромии кишвар халал ворид  созанд.

Вақте ки кас умедашро аз баргаштан ба Ватан канд, аз бухлу кина ҳар сухане бар забон ояд, гуфтан мегирад. Барои ӯ фарқе надорад, ки дар ҷавоб чӣ мешунавад. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамроҳонаш дар чунин ҳолат қарор доранд.  Хуб медонанд, ки барои он мусибате, ки ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик овардаанд, онҳоро на Худо мебахшад на мардуми ҷабрдида. Ба ҷойи бахшиши гуноҳ онҳо боз гуноҳ содир мекунанд. Дар дунё ду чиз  барои шахс ҳаргиз фаромӯш намегардад:  Якум некӣ ва дуюм бадӣ.  Он амалҳои зиште, ки бо дастури шумо ва хоҷагони хориҷиатон ба сари мардум овардаед, дар таърих бо хати сиёҳ навишта шудааст ва он рӯзҳо ҳеҷ гоҳ аз ёди мардум намеравад. Филми “Хиёнат” бозгӯи он рӯзҳои шум ва далели ин гуфтаҳост.

Мо сокинони кишвар Президенти худро дӯст медорем, ба хотири он, ки барои мо сулҳ овард, гурезагонро баргардонид, давлати  Тоҷикистонро аз сифр бунёд намуд, сатҳу сифати зиндагии мардумро баланд бардошт, мамлакат ва шаҳру ноҳияҳои онро ба гулистон табдил дод.  

Мо ба тавсияи касе эҳтиёҷ надорем ва дигарбора  ба фиреби шумо хоинони миллат намеафтем. Хуб медонем, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадоме аз номзадҳо арзанда аст. Мо аллакай интихоби худро дорем. Интихоби мо дар ҳама интихоботҳои доиргардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар ин интихобот ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва мебошад. Рӯзи интихобот 11 октябр мо ҳама якдилона, бо қаноатмандии бузург аз сиёсати инсондӯстона, созанда, бунёдкорона ва дурбинонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарафдориаш овози худро медиҳем.

Фирдавс Мирзоев, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg