БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

Агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд.

Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардонидани захираи луғавии ин забони нобу шоирона вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад.

                                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Дар Тоҷикистони азизи мо баландтарин арҷ ба забони модарӣ, ба забони тоҷикӣ гузошта мешавад, ки мақоми давлатӣ дорад, забони як кишвари соҳибистиқлол аст. Ва Сарвари ватандӯсти ин кишвар аз минбарҳои баландтари дунё, аз ҷумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид бо забони шоиронаи давлатии  худ, ки дар дунё эътибор пайдо кардааст, сухан мегӯяд.       Гиромидошти забони миллӣ аз ҷониби давлату ҷомеа пуштибонии махсусро тақозо менамояд. Яъне, мо ба забон пайваста ба мисли ҷисми зинда бояд ғамхорӣ кунем. Чи гунае, ки  Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд.  “Забони тоҷикӣ поянда  аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд”. Имрӯз забони модарии мо по ба пои истиқлоли Ватанамон  ба давраи сифатан нави рушду густариш дохил шуда истодааст. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии рушди забони модарӣ бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад.  Мо бояд дар чунин шароит саъю кӯшиш намоем, то рисолати забони модарии худро ҳифз намуда, ҷараёни таблиғу густаришу инкишофи онро таъмин намоем ва осори бузургу гаронбаҳои  илмӣ, фалсафӣ, динӣ, сиёсӣ фарҳангӣ ва иҷтимоии аҳли илму адаби  гузаштагони мо, бо ин забони нобу шево ба мо мерос гузоштаанд, барои таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии давлати саҳибихтиёр, дунявӣ ҳуқуқбунёд  ба таври самарабахш истифода намоем.   Борои рушди минбаъдаи  он ва поку беолоиш  нигоҳ доштани забони ширину шоирона мунтазам саъю талош намоем.

Ҷумаев Алиҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Қубодиён                                    

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg