БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - КАФИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛИИ КИШВАР

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо интихобкунандагони деҳаи Ориёнои Ҷамоати деҳоти  Чубек оид  ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзади арзанда аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни баромад корманди масъули Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев сухан карда, қайд намуд, ки тавассути саноатикунонии босуръати кишвар сифати рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардида, низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва иқтисоди рақамӣ такмил меёбад. Мувофиқи нақшаҳои пешбинишуда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва таносуби он ба сари аҳолӣ  дар 7 соли оянда ду баробар афзоиш меёбад. Ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45% афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 18% коҳиш дода мешавад.

Дар охир аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номзади арзандаи ҲХДТ овоз диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg