БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ ВАТАНДОРИСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади тарғибу ташвиқи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва ҳамзамон, Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳия гардиш доир намуданд.

Зимни суҳбат бо оилаҳо масъулин иброз доштанд, ки дар ҳафт соли оиянда амалӣ намудани як қатор корҳои муҳими давлатӣ сиёсати экологӣ доир ба коҳиш додани таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист, тавсеа бахшидан ба сиёсати «иқтисоди сабз», вусъатдиҳӣ ва дастгирии давлатии низоми соҳибкории экологӣ,  идома додани сохтмони НБО-и «Роғун», НБО-и «Себзор», хатти интиқоли барқи байналмилалии Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ – «CASA - 1000», таҷдиди НБО-ҳои «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд», бунёд кардани иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ ҷиҳати таъмин намудани истиқлолияти  энергетикии кишвар дар назар аст.

Ҳамзамон аз тарафи масъулин варақа - таъкидҳо ва ба ашхоси ниёзманд ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ тақсим карда шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg