
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Левакант дар робита ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо хонандагони синфҳои болоӣ ва нафароне, ки бори аввал ҳуқуқи овоз доданро пайдо кардаанд, вохӯрӣ доир гардид.
Зимни суҳбат масъулин вобаста ба дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, роҳандозӣ гардидани чандин стратегияву барномаҳои давлатӣ баҳри муҳайё гардидани шароитҳои беҳтару хубтари кору фаъолият ба ҷавонон, ба роҳ монда шудани чандин озмуну стипендияҳо баҳри ҳавасмандии бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ, сохта ба истифода дода шудани муассисаҳои таҳсилоти олию миёна ва ба ин васила муҳайё гаштани шароитҳои хуби таҳсил сухан гуфтанд.
Ҷавобан ба ин ғамхориву дастгириҳо аз насли ҷавон танҳо хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, содиқона дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ҳушёриву зиракиро дар лобалои таъсири қувваҳои харобкори беруна тақозо карда мешавад.