
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Маданият вохӯрӣ баргузор карданд.
Дар вохӯрии мазкур Маҳмасаид Абдулҳаев раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир ба муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешрафту ободии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиста ба мардум суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки воқеан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсин мебошад ва мо шаҳрвандон бояд хизматҳои бесобиқаи ин шахсияти таърихиро қадр намоем ва дар рӯзи интихобот барои ояндаи дурахшони худ ва фарзандонамон ба номзади арзанда овоз диҳем.
Зимни суҳбат оид ба роҳҳои гузариши бемории коронавирус (COVID-19) ва роҳҳои пешгирӣ намудани онро ба сокинон фаҳмониданд. Дар рафти суҳбат диққати асосӣ ба пешгирии беморӣ, яъне риоя намудани гигиенаи шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, қоидаҳои тозагии хонаву лавозимоти рӯзгорро қатъиян риоя намоянд.