БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ИН АДОИ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДӢ ВА ВИҶДОНӢ АСТ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Араб” вохӯрӣ бо сокинони маҳалла доир гардид.  Дар вохӯрӣ тарғиботчиён доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳи миёни тоҷикон ва рушду инкишофи кишвар баромад намуданд.

Ҳамчунин баромадчиён доир ба баргузории интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамагонро даъват намуданд, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 дар чорабинии муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg