БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БА ҶОНИБДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОВОЗ МЕДИҲЕМ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар маҳаллаҳои Ободон ва Бурхиён бо сокинон идома доданд.

Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ масъулин сокинонро водор намуданд, ки ин беморӣ бо вуҷуди коҳиш ёфтан вале аз нав сироятёбӣ ба назар мерасад. Аз ҳамин сабаб ҳар як шахс бояд ба саломатии худ ва наздикон беэътиноӣ зоҳир нанамуда, ба тозагӣ ва риояи гигиенаи шахсии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Инчунин, дар вохӯрӣ тарғиботчиён доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳи миёни тоҷикон ва рушду инкишофи кишвар баромад намуданд.

Ҳамчунин баромадчиён доир ба баргузории интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамагонро даъват карданд, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 дар чорабинии муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg