БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ САҲМГУЗОРӢ ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи  таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки 19 нафар  истиқоматкунандагони деҳаи Ҳанатароши Ҷамоати деҳоти Деҳбаланд вобаста ба таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарм  Эмомалӣ Раҳмон  ва Барномаи пешазинтихоботии номзад  мулоқот доир карданд.

Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи  таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ноҳия  вобаста  хизматҳои беназщири Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва бандҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад барои 7 соли оянда суханронӣ карда, иштирокдоронро дар рӯзи интихобот барои интихоби номзади арзандаи  ҲХДТ даъват карданд.  Инчунин, иштирокчиён ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу дархостҳо пешниҳод намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg