
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинони кӯчаи ба номи А.Партоеви Ҷамоати шаҳраки Муъминобод мулоқот вобаста ба таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроия доир ба муҳтавои Барномаи мазкур ва дастовардҳои бузурги Пешвоми миллат дар тӯли 29 сол сухан гуфта, мардумро барои интихоби зиндагии осуда раҳнамоӣ карданд.
Инчунин, иштирокчиён ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу дархостҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.