МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроия Ҳасанзода Шаҳло ва Сабзов Тоҷиддин оид ба омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ -интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорои Қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод вохӯрӣ бо сархатибони масҷидҳои ноҳия доир гардид.
Дар мулоқоти навбатӣ аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ доир намудани интихоботи дар пешистода суханронӣ намуда, гуфтанд, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои муҳталифи хоҷагии халқ инъикос ёфта, дар ҳафт соли оянда ба дастовардҳои баланд ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат менамояд.