БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН РОҲНАМОИ МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША. Ба модарону хоҳарон таъкид намуда гуфтаниям, муаррифгари либоси миллии тоҷикӣ, фарҳанги худ бошанд. Дар  ҳақиқат имрӯз бозору кӯчаҳо пур аз занҳои сатрпӯш гаштааст, ки ин ба симои зани тоҷик, ба симои давлати мо зебанда нест, чункӣ ин чиз аз мо нест. Ин манзара касро бениҳоят озурда мегардонад ва кас ба худ суол медиҳад: чаро зани тоҷик рӯ ба фарҳанги бегона овардааст? Ва ба ҷои либоси миллии тоҷикӣ, рӯймоли тоҷикӣ, тоқии тоҷикӣ, ки ба зани тоҷик зебанда аст, худро турбапӯш кардааст. Баъзе дар “равшанфикрон” аз куҷо дарк мекунанд, ки  хатари ин сатру ҳиҷобпӯшӣ дар чист? Чункӣ онҳо ватандӯст нестанд, дилашон ба ин милллату давлат, сарзамин ва фарҳанги миллӣ намесӯзад. Хатари инро шахсе эҳсос  мекунад, ки ин Ватанро аз сифр обод сохта, миллатро  дубора соҳиби ин Ватану фарҳанг намудааст.

Ҳар кореро Сарвари давлати тоҷикон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кардааст  ва мекунад   танҳо барои ободии Тоҷикистон ва зиндагии арзандаи мардум аст.

Ҷои дигар мухолифин тариқи шабакаҳо худро “дилсӯз” нишон дода, дар бораи муҳоҷират сухан мегӯянд, гӯё мардуми мухоҷир дар азоб бошанд. Муҳоҷират дар ҳама давру замон буд, ва дар даврони Шӯравӣ низ. Агар таҳлил намоед, ҳатто шаҳрвандони давлатҳои пешрафта низ ба дигар давлатҳо ба муҳоҷират мераванд. Пайғамбарони гузаштаи мо низ ба дигар марзҳо ба ҷойҳои дур ба сафар мекарданд.

Давлатдории баъзе кишварҳои пешрафта ва қафонмондаи  ҷаҳонро  ба давлати Тоҷикистон муқоиса намоед. Мебинед, ки мардуми баъзе он давлататҳо чи хел дар азобанд ва бинед, ки  чи гуна Роҳбари давлати мо барои хушбахтию осудагии халқу Ватанаш чи қадар заҳмат мекашанд, ба дигар давлатҳо сафари корӣ анҷом медиҳанд.

Шукрона бояд кард чунин Шоҳи одил, дурандеш, дилсӯзи халқаш, олим, ориф насиби мо гаштааст. Ва имрӯз мо тинҷу ором дар хонадони худ зиндагӣ бо истифода аз амни давлат  кору фаъолият менамоем. Нодида  гирифтани заҳмату ҷонфидоии ин марди хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ношукр будани он носипосист. Тарафдорони  шабакаҳои интернетӣ барномаҳои Имрӯз, Ислоҳ ТВ, ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон, Паймони миллӣ ва дигар бадхоҳони миллати тоҷик, ки   хизматҳои арзандаи Пешвои миллат дар роҳи сулҳу ваҳдат, ватандорӣ, шинохти мардуми тоҷик, таърих, осуда будани халқро нодида мегиранд, ин  ношукрбандаҳоро кӯр месозад.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷони миллат, армони миллат, ганҷи миллат, роҳнамои миллат аст. Ҳар як амри ӯ воҷиб аст. Шахсе,ки амри чунин Шоҳи одилро  иҷро намекунад, ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ баракат намеёбад.    

Бигзор ин Марди Худо чун сояи Худост ҳазор солаҳо болои сари мардуми тоҷик чун соябону подшоҳ бимонад.         

Сатторова Меҳрубон, муовини директор оид ба тарбия дар Мактаби Президентии ноҳияи Кӯшониён

           

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg