БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ БА МИЛЛАТ ГУНОҲЕСТ, ФАРОМӮШ НАШУДАНИСТ!

ВОКУНИШ. Аз интихоботи соли 2013 имрӯз ҳафт сол сипарӣ гардида, дар Паёми имсолаи худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон доир ба иҷрои Барномаи пешазинтихоботии худ ҳисобот доданд.

Аз далелу рақамҳо ва он чӣ ки дар ҳаёт мебинем ҳар яки мо гувоҳи он ҳастем, ки дар ҳақиқат Пешвои муаззами миллат  барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи миллати хеш тамоми ҳастии худро фидо намуда истодаанд.

Дар ҳимояи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ пешравиҳо аён буда, сол аз сол зиндагии мардум рӯ ба беҳбудиҳо оварда мешаванд. Имрӯз халқи заҳматкаши Тоҷикистон дар партави сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат софдилона меҳнат намуда, новобаста аз қавму миллат ва урфу одат дар кишвари биҳиштосоямон орому осуда умр ба сар мебаранд.

Ҳодисаи мухталифи дар ин ё он гӯшаи олам ба зуҳур омада, имрӯз ҳазорон нафар одамонро бе хонаву дар, фарзандонро ятиму бекас ва оилаҳоро парешон намудаву аз ғизову манзил маҳрум сохтааст.

Шукри яздони поку меҳрубон, ки мо имрӯз Сарвари оқилу доно, сиёсатмадори хирадманду наҷибро бароямон ато намудаву чунин зиндагии осоиштаро бароямон насиб гардонидааст. Дар баробари ҳамаи ин муваффақиятҳои халқи тоҷик маълум мегардад, ки хоинони миллати тоҷикро дар ташвиш мононда боз мехоҳанд, мардумро ба вартаи ҳалокат биёранд. Боз бо буҳтону туҳматҳои беасос ба сари роҳбарияти имрӯзаи кишвар гуноҳ бор намуда, тухми кинаву адоватро дар байни мардуми осоишта коранд.

Ин афродро куштори қатли одамони бегуноҳ, сӯхтори ҳазорҳо хонаву садҳо корхонаҳо талаву тороҷ гашта ва умуман ба даҳсолаҳо қафо монондани Тоҷикистон дарси ибрат нагаштаву боз аз рӯи одати деринаи худ бо зуҳуру гумроҳ намудани мардум ва пиёда кардани ҳадафҳои душманонаю хиёнаткоронаи худу хоҷагонашон чизи дигаре нест. Ҳар муддате дурӯғу туҳмат бофтае дар байни аҳолӣ оромиро халалдор сохта, дар мафкураи мардум мехоҳанд нобовариро нисбати роҳбарияти давлат бедор созанд. Мардумро ба доми навбатии худ бикашанд.  Мо мардуми бонангу ори тоҷик ҳоло шаҳди солҳои нангини ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш насохтаем. Дар баробари ин ки будану чи мақсад доштани наҳзатиҳо ошкор гардидаву мардум аллакай дарк намудаанд, ки бо чи мақсад наҳзатиҳо дар хориҷи кишвар фаъолият доранд. Мақсади онҳо чун рӯз равшан аст: Истиқлолияти Тоҷикистонро ва дахлнопазирии Тоҷикистонро аз байн бурдаву чун худ ғуломи хоҷагони зархариди хориҷӣ гардонидан асту халос.

Аммо ин дафъа низ ин хоинони миллат хато хоҳад хӯрд, чунки ҳар яки мо шоҳиди дастовардҳои миллати тоҷик бо дастгирии Пешвои муаззами миллат ҳастем. Ба истифода додани даҳҳо иншоотҳои гуногуни маданиву маишии рӯзҳои охир шаҳодат аз зиндагии арзандаи халқи тоҷик аст.

Ҳар яки мо он неъматҳоеро, ки Сарвари давлат имрӯз муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои тоҷикистониён фароҳам овардааст бо тамоми қувва ва ҷаҳду талош чун гаҳвараки чашм азиз нигоҳ дошта намегузорем, ки ҳеҷ як қуввае берун аз кишвар онро халалдор созад.

“Ҳар шаб зи худ бипурс гар мардӣ,

Чӣ  хидмате имрӯз ба мардум кардӣ”.

Шарифзода Маҳмадаюб, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён                                                   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg