БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР РӮЗИ ИНТИХОБОТ БАРОИ РУШДУ ИНКИШОФИ КИШВАР ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Баҳор» доир гардид.

Дар вохӯрӣ тарғиботчиён доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳи миёни тоҷикон ва рушду инкишофи кишвар баромад намуда,  қайд карданд, ки тадбирҳои дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки дар муддати ҳафт соли оянда модели нави иқтисоди амалӣ гардида, ҳадафҳои стратегии кишвар тадриҷан татбиқ шуда, вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ба куллӣ тағйир ёбад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg