ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии “Гулшан” вохӯрӣ доир карданд.
Аъзои гурӯҳ зимни суҳбат оид ба пурра амалӣ гардидани ҳадафу мақсадҳои дар барномаи қаблӣ дарҷшуда, аз қабили даст ёфтан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ин замина ба миён омадани ҳадафи чорум, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат, паҳлуҳои муҳими Барномаи нави пешазинтихоботӣ сухан гуфтанд. Мардум низ аз ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва сиёсати дурандешонаву инсонпарваронаи ӯ ҳарф зада, изҳор доштанд, ки овози худро ба тарафдории фарзанди фарзонаи миллат хоҳанд дод.