
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аъзои гурӯҳ тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо сокинони деҳаи Орзу вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин дар баромадҳояшон интихобкунандагонро аз Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ шинос намуда, таъкид карданд, ки имрӯз мо аз сулҳу оромиву таҳкими давлатдории миллии худ ифтихор менамоем. Чунин ифтихорро бояд ҳар як фарди солимфикри ҷомеа соҳиб бошад. Интихоботи навбатӣ, ки марҳилаи нави рушди кишварро муайяну мушаххас мекунад, аз ҳар яки мо ҳушёриву дақиқсанҷиро тақозо менамояд. Мо бо интихоби Пешвои муаззами миллат фардои дурахшони худро таъмин хоҳем кард.