
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи муштараки тарғиботию ташвиқотӣ дар низди Ситоди пешазинтихоботии ноҳиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии сироятёбии COVID-19 ба ташкилоти ибтидоии “САҲШ” – и ноҳияи Кӯшониён ташриф оварданд.
Гурӯҳи корӣ зимни суҳбат атрофи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии сироятёбии ҳуруҷи COVID-19 суханронӣ намуданд.