БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ДУРУСТИ МО ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ АСТ

ҚУБОДИЁН.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов деҳаи Чорбоғ бо аҳолии ин маҳал ҷамъомад ҷиҳати таблиғи Барномаи пешазинтихоботи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбари гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ализода Аҳмадҷон ва Сафарзода Асалмоҳ шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дилафрӯзи Абдулло муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот аъзои гурӯҳи таблиғотии вилоятӣ ва шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, пешрафту шукуфоии Ватан, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ дар соҳаи тандурустӣ ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, мардумро барои интихоби ояндаи амну осоиштагӣ даъват карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg