
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён М. Худоёров бо усули “хона ба хона” вохӯрӣ баргузор намуд.
Мавсуф зимни суханронӣ иброз дошт, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.
Таъкид шуд, ки татбиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ ба манфиати ҳар як сокини кишвар буда, дар таъмини зиндагии босаодат ва пешрафту ободии Ватан мусоидат менамояд.