Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КДФ «ХМК»” вохӯрӣ баргузор карданд.
Масъулин дар нади ҷамъомадагон оид ба суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо намояндагони ҷомеаи кишвар рӯзи 12 майи соли 2018 доир гардид, андешаронӣ намуданд.
Инчунин, зимни суханронӣ ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲҲДТ, эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, афзуданд, ки тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз муоиниа тиббӣ гузаштани шаҳравндони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, камхарҷу дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронидани маросиму маъракаҳои аъзодориву хурсандӣ, пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳимяи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ вазифаи ҷонии ҳар як узви ҳизб мебошад.